Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корро дар реактори осебдидаи Ҷопон аз сар гирифтанд


Ҳуҷраи контроли реактор
Ҳуҷраи контроли реактор
Дар ниругоҳи ҳастаии Фукушимаи Ҷопон муҳандисон барои барқарории фаъолияти системаи сардсозии ниругоҳ кори худро аз сар гирифтаанд. Рӯзи чаҳоршанбе ширкати барқи Токио кори муҳандисонро замоне муттавақиф сохт, ки дар болои ниругоҳ дуди ғализ мушоҳида шуд. Ожонси амнияти ҳастаии Ҷопон гуфтааст, муҳандисон имрӯз ба утоқи контроли реактори шумораи як қисман интиқоли барқро барқарор кардаанд. Қаблан мақомоти Ҷопон ҳушдор дода буданд, ёди радиоактивӣ дар таркиби оби шабакаҳои обрасонӣ нисбат ба оби амне, ки кӯдакон истеъмол мекунанд, ду баробар афзоиш ёфтааст. Баъдтар мақомот эълон карданд, ки мизони ёди раддиоактивӣ дар таркиби об поин рафтааст ва истеъмоли он барои кӯдакон хатар надорад.
XS
SM
MD
LG