Пайвандҳои дастрасӣ

Аз 4 реактори Фукушима дигарбора дуд баланд шуд


Субҳи имрӯз аз 4 реактори нирӯгоҳи Фукушимаи Ҷопон дигарбора дуди сафед ба ҳаво хест. Гурӯҳҳои наҷотбахш дар ин нирӯгоҳ аз нав аз таҷҳизоти сӯхторнишонӣ истифода мекунанд. Ба дунболи баланд шудани дуд аз реактори севвум, ки бар асари заминларза ва тсунамии рӯзи 11 март хисороти бештар дид, коргаронро пас хондаанд. Мақомоти Ҷопон ҳушдор додаанд, ки мизони йодини радиоактивӣ дар оби қубури Токио назар ба меъёр ду маротиба бештар шудааст. Дар пайи ин ҳушдор, сокинони Токио рафҳои мағозаҳоро аз оби фурӯшӣ комилан холӣ карданд. Дар манотиқи атрофи нирӯгоҳи Фукушима дар таркиби ширу оби баҳр ва 11 навъи сабзаҷот низ радиатсия кашф шудааст.
XS
SM
MD
LG