Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Элизабет Тейлор дар синни 79 даргузашт


Лиз Тейлор дар нақши Клеопатра(соли 1963)
Лиз Тейлор дар нақши Клеопатра(соли 1963)
Элизабет Тейлор, аз маъруфтарин ситораҳои Ҳолливуд, дирӯз дар синни 79 аз олам гузашт. Гуфта мешавад, ки ӯ дар бемористони Лос-Анҷелес замоне бар асари сактаи қалб даргузашт, ки фарзандонаш ҳама дар сараш ҷамъ буданд. Тейлор бори аввал 67 сол қабл, яъне соли 1944, вақте ҳамагӣ 12 сол дошт, дар филми “Махмали миллӣ” нақш бозӣ кард. Ӯ дар баробари Пол Нюман, Ҷеймс Дин ва Ричард Бартон аз ситораҳои аввали синамои Ҳолливуд шинохта мешавад ва 3 дафъа барандаи ҷоизаи “Оскар” шудааст.
XS
SM
MD
LG