Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши сангин дар истгоҳи марказии Байтулмуқаддас


Таркиши сангин дар наздикии истгоҳи марказии автобусҳои Байтулмуқаддас дастикам як нафарро кушта ва беш аз 20 тани дигарро захмӣ ба ҷо гузошт. Мақомоти Исроил ҷангиёни фаластиниро масъули ин ҳамла меноманд. Инфиҷори рӯзи чоршанбе нахустин таркиш дар Байтулмуқаддас дар чанд соли охир буд. Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ба дунбол вақти парвозаш ба Русияро ба таъхир гузошт. Охирин ҳамлаи интиҳорӣ дар Байтулмуқаддас дар соли 2004 иттифоқ уфтода буд.
XS
SM
MD
LG