Пайвандҳои дастрасӣ

Oxus Gold ба нишони эътироз аз Узбакистон меравад


Як ширкати маъдани Бритониё гуфт, фаъолиятҳояшро дар Узбакистон қатъ карда, ба хотири ба чолиш кашонидани натоиҷи бозрасии давлатӣ, ки ба ақидаи ин ширкат, бад анҷом шудааст, ба як набарди додгоҳӣ омодагӣ мебинад. Намояндагони ширкати Oxus Gold мегӯянд, аз идомаи идораи умури кони тилои Амонтойтав даст кашидани ширкат посухи онҳо ба ин аудит аст. Oxus Gold 50 дарсади саҳмияҳои корхонаи ин кони тилоро дар даст дорад. Associated Press менависад, баҳси ахир фазои сармоягузорӣ дар Узбакистонро бадтар карда, риштаи истихроҷ ва коркарди тилоро дар ин кишвар таҳти назорати тақрибан комили давлат хоҳад овард.
XS
SM
MD
LG