Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Фармондеҳи нирӯҳои ҳавоии Бритониё дар амалиёти зидди Либия гуфт, нирӯҳои ҳавоии Муаммар Қаззофӣ “дигар ҳамчун як нирӯи ҷангӣ вуҷуд надоранд. Бо ин ҳол, бино ба хабарҳо, тонкҳои Қаззофӣ бемористони шаҳри Мисрота, пойгоҳи чирикиҳо дар ғарби Либияро ҳадафи оташ қарор додаанд. Сухангӯи чирикиҳо гуфт, дар Мисрота 16 нафар ва 6 тани дигар дар ҳамла ба Зинтон, як пойгоҳи дигари чирикиҳо дар наздикии марзи Тунис, кушта шуданд. Ҳавопаймоҳои эътилоф шаби гузашта пойгоҳҳои дифоъи ҳавоии Қаззофӣ дар атрофи Троблус ва як қароргоҳи нирӯҳои ӯ дар берун аз Мисротаро ҳадафи ҳамалоти худ қарор додаанд.
XS
SM
MD
LG