Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Боқиев дигарбора таъхир шуд


Қурмонбек Боқиев
Қурмонбек Боқиев
Мурофиаи парвандаи раисиҷумҳури собиқи Қирғизистон Қурмонбек Боқиев дигарбора ба таъхир гузошта шуд. Далели таъхир ироаи фурсати кофӣ ба қозӣ ба хотири таҳияи рӯйхати комили қурбониёни саркӯбии эътирозҳои рӯзи 7 апрели соли гузашта аст, ки мунҷар ба ҳалокати беш аз 80 нафар ва суқути давлати Боқиев шуд. Боқиев ва 25 мансабдори собиқи давлати ӯ ба додани фармони тирборони эътирозгарони бесилоҳ айбдор мешаванд. Додгоҳи онҳо баъди 4 моҳи тавқиф дар ҳафтаи гузашта аз сар гирифта шуд.
Худи Боқиев баъди барканориаш тарки Қирғизистон кард ва феълан дар Беларус паноҳ мебарад. Парвандаи ӯ ба ин далел дар ғайбаш муҳокима мешавад.
XS
SM
MD
LG