Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркиш дар Байтулмуқаддас як кас кушта шудааст


Бар асари таркиш дар Байтулмуқаддас дасти кам як нафар кушта ва беш аз 20 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Қаблан хабар дода мешуд, ки дар ин ҳодиса касе ба ҳалокат расидааст. Ба иттилоъи табибони исроилӣ, вазъи 15 нафар вазин аст.

Гуфта мешавад, ки маводи мунфаҷира дар як борхалта дар канори истгоҳи автобусҳо, воқеъ дар даромадгоҳи Байтулмуқаддас гузошта шуда буд.

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, баъди пахши иттилоъ дар бораи инфиҷор дар Байтулмуқаддас, сафари худ ба Русияро мавқуф гузошт.
XS
SM
MD
LG