Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳабси беш аз ҳазор тан аз мухолифини ҳукумат дар Эрон


Мақомоти Эрон дар як соли ахир беш аз 1250 нафарро барои ширкат дар намоишҳои эътирозӣ ваё барои ақоиди сиёсӣ ҳабс карданд.

Ин иттилоъ дар гузориши Хонаи ҳуқуқи башари Эрон, як созмони мустақар дар хориҷи кишвар, оварда шудааст.

Муҷтоба Симинажод, як масъули ин созмон ба Радиои Фардо гуфтааст, ки миёни маҳбусон - 85 донишҷӯ, 165 пайрави аққалиятҳои мазҳабӣ, 129 фаъоли сиёсӣ, 129 фаъолони курд, 43 хабарнигору блогнавис, 40 фаъоли туркман, 20 фаъоли ҳуқуқи башар, аз ҷумла, ҳашт зани фаъоли ҳуқуқи башар ва ҳашт фаъоли араб ҳастанд.

Ба гуфтаи хонум Симинажод, бештари ин афрод дар Теҳрон боздошт шудаанд.

Ӯ афзуд, ба ин феҳрист афроде, ки боздошти онҳоро пайвандон ваё мақомоти додгоҳӣ махфӣ нигаҳ доштаанд, шомил нашудаанд.
XS
SM
MD
LG