Пайвандҳои дастрасӣ

Дуди ғализ дар фазои реактори сеюми "Фукушимо"


Имрӯз дар болои реактори саввуми нерӯгоҳи бар асари заминларза осебдидаи «Фукушимо» дуди ғализи сиёҳ пайдо шуд.

Ҳамаи кормандоне, ки барои эҳёи системи сардсозии реакторҳо талош доштанд, ба ҷойи амн интиқол дода шуданд.

Бар пояи иттилоъи мақомоти Ҷопон, имрӯз муҳандисон ба васли ноқили таъмини нерӯҳои барқ ба ҳамаи шаш бунгоҳи тақсим барқ муваффақ шуданд ва ин масъулинро барои эҳёи ҳарчӣ зудтари системи сардсозии реакторҳо умедвор сохт.

Ҳукумати Ҷопон ҳушдор дод, ки дар оби қубурҳои Токио йоди радиоактив ошкор шудааст ва истифодаи ин об барои кудакон зарар дорад.

Дабири кулли ҳукумати Ҷопон Юкио Эдано дар як нишасти хабарӣ дар Токио ҳамчунин гуфт, ки "мутаассифона, вазъи сангин назар ба интизороти мо тулонитар идома меёбад. Ва ба хотири ҷилавгирӣ аз расонидани осеб ба сиҳати одамон, мо фурӯши сабзавотеро, ки дар онҳо маводи радиоактив ошкор шудааст, манъ кардем".

Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ ахиран хабар дод, ки хурӯҷи радиатсия аз нерӯгоҳи “Фукушимо” идома дорад.
XS
SM
MD
LG