Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии аспи Шоҳиён дар пойгаи аспдавонӣ


Мусобиқаи аспдавонӣ бахшида ба иди Наврӯз дар шаҳри Душанбе
Мусобиқаи аспдавонӣ бахшида ба иди Наврӯз дар шаҳри Душанбе

Рӯзи 23-юми март дар Наврӯзгоҳ ё Ипподроми собиқ дар Душанбе мусобиқаи аспдавонӣ баргузор шуд.

Дар ин мусобиқа аспҳои зоти тоҷикӣ ва англисӣ ширкат карданд. Дар пойга бо аспҳои зоти тоҷикӣ ба масофаи 2 ҳазор метр асп бо лақаби “Вибролон” аз хоҷагии деҳқонии “Дошмандӣ”-и ноҳияи Файзобод, савора Алиҷон Муродов, ғолиб гардид.

Дар ин масофа миёни аспҳои зоти асили англисӣ “Эйбл” - аспи Шермуҳаммади Шоҳиён, савора Аслам Ҳамроқулов, пирӯз шуд. Шермуҳаммади Шоҳиён, собиқ вакили Маҷлиси Намояндагон ва ҳоло раҳбари Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон аст.

Ба ғолибони ин пойгаҳо ҷоизаи аслии мусобиқа 4 ҳазор сомонӣ ва телевизор супорида шуд.

Инчунин, духтарони аспсавор дар пойга ба масофаи 1 ҳазору 600 метр қувваозмоӣ карданд. Дар ин сабқат асп бо лақаби “Зулол” аз хоҷагии деҳқонии “Исо”-и ноҳияи Данғара, савора Матлуба Назарова, ғолиб омад.



Ҷои дувум насиби асп бо лақаби “Лашкар” аз хоҷагии асппарварии ноҳияи Рӯдакӣ, саворааш Урозой Хуррамова, гардид.

Асп бо лақаби “Экран” аз муассисаи хушзоткунии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, саворааш Бибиҷон Ҳасанова, мақоми севумро касб кард.

Боз дар панҷ пойгаи дигар ба масофаи 1 ҳазору 600 метр ғолибон муайян шуда, бо ҷоизаҳо сарфароз гаштанд.
XS
SM
MD
LG