Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: "Мо ба амалиёт дар Либия раҳбарӣ нахоҳем кард"


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, изҳор намуд, ки Вошингтон рӯзҳои наздик раҳбарии амалиёт дар Либияро бар дӯши ҳампаймонҳои худ вомегузорад.

Ин изҳорот баъд аз он нашр шуд, ки Барак Обама ҳамроҳ бо раисиҷумҳури Фаронса Николя Саркозӣ ва нахуствазири Бритониё Дэвид Камерон дар бораи нақши калидии НАТО дар ин амалиёт ба созиш расиданд.

Барак Обама гуфт, ки "мо талошҳо барои дифоъ аз мардуми Либияро идома медиҳем. Вале мо ба ин амалиёт раҳбарӣ нахоҳем кард. Аз ин рӯ, мавзӯъи интиқоли назорат аз болои амалиёте, ки ман гуфтам, бояд ҳал шавад".

Ҳавопаймоҳои эътилоф шаби гузашта мавқеъҳои нерӯҳои ҳукуматӣ, пойгоҳҳои баҳрӣ ва фурудгоҳҳоро бомборон карданд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, нерӯҳои вафодор ба сарҳанг Қаззофӣ ҳамоно вориди набардҳои шадид бо ошӯбгаронанд. Айни ҳол задухӯрдҳо барои шаҳрҳои Мисурата ва Аҷдабия идома доранд.
XS
SM
MD
LG