Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаззофӣ ба пирӯзии худ эътимод дорад


Раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ эълом дошт, ки аз болои рақибони худ пирӯз хоҳад шуд.

Ба гуфтаи ӯ, зарбаҳои нерӯҳои эътилофи кишварҳои ғарбӣ ба сохтори зидди ҳамлаи ҳавоии Либия муассир нестанд, зеро, афзуд Қаззофӣ, беҳтарин дифоъ аз ҳамлаи ҳавопаймоҳо худи одамонанд”.

Қаззофӣ амалиёт дар Либияро "ҳамлаи салибӣ ба Ислом" номид ва аз ҳама мусалмонҳои кишвар хост, ки алайҳи хориҷиён муттаҳид шаванд.

Изҳороти Қаззофӣ ахиран аз тариқи телевизиони давлатӣ пахш шуд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, нерӯҳои вафодор ба сарҳанг Қаззофӣ ҳамоно вориди набардҳои шадид бо ошӯбгаронанд.


Айни ҳол задухӯрдҳо барои шаҳрҳои Мисурата ва Аҷдабия идома доранд.
XS
SM
MD
LG