Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз таркиш дар Покистон кормандони полис осеб диданд


Дар шимолу ғарби Покистон имрӯз бар асари таркишҳо як нафар кушта ва ёздаҳ нафар маҷрӯҳ шуданд.

Дар канори шаҳри Пешовар аз инфиҷори мина як сокини маҳаллӣ ба ҳалокат расид.

Як таркиши дигар дар наздикиҳои шаҳри Хангуи вилояти Хайбар-Пахтунхва дар ҷамъи кормандони полис ба вуқӯъ пайваст. Дар ин ҳодиса нӯҳ полис ва ду раҳгузар ҷароҳат бардоштанд.

Масъулияти ин ҳамлаҳоро ҳанӯз касе ё гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG