Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Amnesty International аз эҳтимоли истирдоди Ҷӯраев


Авфи Байналмилал аз эҳтимоли истирдоди Низомхон Ҷӯраев аз Маскав ба Душанбе нигаронӣ кардааст.

Дар як баёнияи ин созмони дифоъ аз ҳуқуқи башар гуфта шудааст, бо вуҷуди он ки Низомхон Ҷӯраев аз мақомоти Маскав паноҳандагӣ хоста, аммо ҳамоно хатари истирдоди ӯ ба Тоҷикистон боқист.
Мақомот Низомхон Ҷӯраев, раҳбари пешини корхонаи кимиёвии ноҳияи Исфара воқеъ дар шимоли Тоҷикистонро ба иттиҳоми сирқати маблағҳои давлатӣ, ташкили гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ, сарпечӣ аз пардохти андоз ва қатли афрод мазнун шуморидааст...


Созмони Авфи Байналмилал гуфта, ки дар сурати истирдоди Низомхон Ҷӯраев, собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва раҳбари пешини корхонаи кимиёи Исфара ба Тоҷикистон, ӯ мавриди шиканҷа ва бархӯрди номуносиби мақомот қарор хоҳад гирифт.

ТАЛОШҲО БАРОИ ИСТИРДОДИ ҶӮРАЕВ

Ин дар ҳолест, ки ду ҳафта пеш, дар пайи хабари тамдиди замони нигаҳдории Низомхон Ҷӯраев дар Маскав, мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон гуфта буданд, ки сарфи назар аз ин, раҳбари пешини корхонаи кимиёи ноҳияи Исфара ба ватан истирдод хоҳад шуд.

Абдусамӣ Додобоев, сардори Идораи равобити байналмилалӣ дар Додситонии кулли Тоҷикистон, дар сӯҳбат ба "Озодӣ" таъкид карда буд, ки иттиҳомоти ворида алайҳи Низомхон Ҷӯраев аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон таъйид шудааст.

Бино ба гуфтаи вай, ҷониби Русия бар пояи конвенсияи Минск, ки иҷрои нукоти он барои кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои Муштаракулманофеъ ҳатмист, муваззаф аст масъалаи истирдоди Ҷӯраевро ҳал кунад.

Мақомоти Тоҷикистон Низомхон Ҷӯраев, раҳбари пешини корхонаи кимиёвии ноҳияи Исфара воқеъ дар шимоли Тоҷикистонро ба иттиҳоми сирқати маблағҳои давлатӣ, ташкили гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ, сарпечӣ аз пардохти андоз ва қатли афрод мазнун шуморидааст.

РУСИЯ НА ҲАМАРО МЕДИҲАД

Дар соли гузашта Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасии парвандаи маъруф ба "исфарагиҳо"-ро ба поён расонида буд, ки яке аз афроди мазнун дар ин қазия Низомхон Ҷӯраев дониста мешуд.

Вале натиҷаи ин муҳокима боис ба бурузи ихтилоф миёни ниҳодҳои тафтишотии Тоҷикистон шуд ва ба гуфтаи бархе аз коршиносон як далели барканории Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли Тоҷикистон, ки аз ҳукми додгоҳ дар иртибот ба ин қазия норозӣ буд, маҳз парвандаи "исфарагиҳо" будааст.

Бо ин ҳол, Русия тақозои давлати Тоҷикистон дар мавриди истирдоди бархе аз шаҳрвандонаш аз ин кишварро на ҳамеша қабул кардааст. Дар солҳои гузашта шахсиятҳое чун Додоҷони Атовулло, сардабири нашрияи "Чароғи рӯз" ва Ҳабиб Насруллоев, раиси пешини идораи "Тоҷикматлубот" бо дархости давлати Тоҷикистон дастгир шуданд, вале Русия таслими онҳо ба давлати Тоҷикистонро напазируфт.

Ба бовари бархе аз огоҳони қазия, иллати ҷинояткор эълон шудани Низомхон Ҷӯраев ба фаъолиятиҳои тиҷоратӣ марбут аст, ки баъд аз фирори ӯ ҳарду корхонае, ки дар ноҳияи Исфара роҳбарӣ мекард ба ихтиёри дигарон гузаштааст.
XS
SM
MD
LG