Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

60 донишҷӯи аз кишварҳои исломӣ баргашта дар донишгоҳҳои Тоҷикистон ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки то оғози соли ҷорӣ бештар аз ҳазор тан муҳассили тоҷик аз мадрасаҳои кишварҳои исломӣ, аз ҷумла Мисру Покистон, Арабистони Саудӣ ва Эрону Афғонистон ба Тоҷикистон оварда шудаанд.
Ин ҷавони тоҷик мегӯяд, онҳое, ки ҳамроҳ бо ӯ омада буданд, дигарбора ба Миср баргаштаанд ва ӯ низ талош дорад, ки дубора баргардад...


Абдусаттор Одинаев, мудири бахши рушди барномаҳои байналмилалии Вазорати маорифи Тоҷикистон, мегӯяд, ҳоло ҷавонон имкон доранд, ки аз кӯмак ва машварати ин ниҳод истифода карда, ба муассисаҳои таълимӣ дар кишвар шомил шаванд.

"ДОНИШОМӮЗОНИ БИДУНИ САНАД"

Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, аксари муҳассилине, ки аз кишварҳои исломӣ баргаштаву мехоҳанд дар донишгоҳҳои кишвар таҳсили худро идома бидиҳанд, мутаассифона, санаде дар надоранд.

Вай афзуд, "инҳо бо кӯмакҳои молии гурӯҳе ва бидуни мувофиқа бо вазорати маориф барои таҳсил рафта буданд. Бархе аз ҷавононе, ки аз Зоҳидон омадаанд ба ҷуз як сертификат санади дигаре надоранд."

Бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз ҳар гуна сӯтафоҳумҳо вазорати маориф тасмим гирифтааст, бо роҳҳои дипломатӣ дар бораи таҳсили ҷавононе, ки бидуни санади тасдиқкунанда аз хориҷ баргаштаанд, маълумот ҷӯё шавад.



Акрам ҳоло 26 сол дорад ва давоми ду сол дар Донишгоҳои Қоҳира таҳсил кардааст. Вай ду моҳ пеш аз ин ба Тоҷикистон баргашт.

Ин ҳамсӯҳбати ҷавони мо мегӯяд, дар мувофиқа бо вазорати маориф барои таҳсил ба Миср рафта буд ва бояд имсол риштаи иқтисоди байналмилалиро хатм мекард. Аммо чархи сарнавишт ӯ ва 23 ҳамсолу ҳамроҳи дигарашро, ки дар Қоҳира таҳсил доштанд, ба ватан овардааст.

ТАҲСИЛ ДАР МИСР БЕҲТАР Ё ТОҶИКИСТОН?

Акрам афзуд, ҳоло барои идомаи таҳсилаш дар яке аз донишгоҳҳои Тоҷикистон шурӯъ кардааст, вале сифати таълими ин донишгоҳҳо баробари муассисаҳои таълимии Миср набудааст.

"Дар ин ҷо ҳоло ҳам лексияҳои 15 ё 29 сол пешнавиштаро дарс медиҳанд. Лексия мехонӣ, компутар нест, ҷиҳози нави таълимӣ нест. Ҳамон барномаҳои таълимии Дарвинро мехонем, ки ин сиёсати Шӯравӣ буд. Адабиётро панҷ сол мехонем, ки дар он равшанфикрон Муҳаммад Иқбол, Ҷамолиддини Афғонӣ, равшанфикрони оламро, ки ҳуввияташон бузург аст, намехонем. Дар онҷо фанҳои муҳим ва пешрафтаро мехонедем, ҷаҳонбинӣ васеъ мешуд. Ба ин ҷо омадам Аҳмади Донишро, ки дар мактаби миёна хондаам, ҳоло ҳам мехонам"
,-илова кард ӯ.

Ин ҷавони тоҷик мегӯяд, онҳое, ки ҳамроҳ бо ӯ омада буданд, дигарбора ба Миср баргаштаанд ва ӯ низ талош дорад, ки дубора баргардад.

Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба мо иттилоъ доданд, ки пас аз Наврӯз ҳудуди 25 донишҷӯи баргашта бо тавсияи вазорати маориф бояд таҳсилро оғоз бикунанд.

ИДОМАИ БОЗГАШТИ ДОНИШҶӮЁН

Муҳаммади Каримзод, устоди ин Донишкада низ мегӯяд, раванд ё барномаи ба таҳсил фаро гирифтани донишҷӯёни аз кишварҳои исломӣ баргардонидашуда хуб ба роҳ монда нашудааст.

Аммо ӯ гуфт, "ҳоло таҳсилро сар накардаанд, бо вуҷуди он ки ҳуҷҷатҳояшон расмӣ шудааст. Дониши онҳо нисбат ба донишҷӯёни мо болотар аст, зеро он ҷо тадрис замонавӣ ва зарфиятҳо беҳтар аст. Онҳоро танҳо дар 1 ва 2 курсӣ қабул мекунанд."

Дар ҳоли ҳозир раванд ё барномаи баргардонидани донишҷӯён аз кишварҳои исломӣ дар Тоҷикистон идома дорад.

Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, ин тадбир танҳо ба хотири баргардонидани ҷавононе, ки бо роҳҳои ғайрирасмӣ ба кишварҳои исломӣ рафтаанд ва дар назди гурӯҳҳои алоҳида таҳсил мекунанд, гирифта шудааст.

Мақомот ба ин боваранд, ки бо пас овардани ин гурӯҳи донишҷӯён аз ифротгароӣ ва падидаҳои номатлуб дар кишвар ҷилавгирӣ хоҳанд кард.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG