Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин ба гуфтугӯ дар мавриди Эрон даъват кард


Нахустин нирӯгоҳи ҳастаии Эрон дар Бушаҳр
Нахустин нирӯгоҳи ҳастаии Эрон дар Бушаҳр
Чин ба муколама ба хотири ҳалли баҳси байналмилалӣ бар сари барномаҳои ҳастаии Эрон даъват кардааст. Бино ба гузориши хабаргузории давлатии Синхуа, Чин мавзеъи деринашро такрор кардааст, ки Теҳрон ҳаққи истифодаи сулҳомези энержии ҳастаиро дорад. Ба навиштаи ин ожонс, Лӣ Баодонг, сафири Чин дар СММ, ба Шӯрои Амният гуфтааст, Пекин мӯътақид аст, ки тамоми ҷонибҳо сабуру гузашткор ва амалгаро боқӣ монда, ба хотири эъмори эътимод аз тадобири ташвиқкунанда кор хоҳанд бурд. Дар ин ҷаласа гузориши семоҳа дар бораи то куҷо ба даври чоруми таҳримоти СММ гардан додани Эрон баррасӣ шудааст. Шӯрои Амният ба маҳзи саркашии Теҳрон аз қатъи ғанисозии ураниум алайҳаш таҳримот эъмол кард. Қудратҳои ғарбӣ бар ин назаранд, ки ҳадафи Эрон аз фаъолиятҳои ҳастаӣ даст ёфтан ба тавлиби бомбҳост. Эрон инро радд мекунад.
XS
SM
MD
LG