Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешрафт дар рафъи авоқиби садамаи Фукушима


Рӯшан шудани ҳуҷраи назоратии реактори севвум
Рӯшан шудани ҳуҷраи назоратии реактори севвум
Рӯшноии ҳуҷраи назоратии яке аз реакторҳои бештар аз ҳама тахрибшудаи нирӯгоҳи ҳастаии Фукушимаро барқарор кардаанд. Ба ин нуқтаи реактори севвум дар пайи барои бори аввал ба хутути барқ пайвастани ҳамаи 6 реактори нирӯгоҳ рӯшноӣ дода шуд. Мақомот мегӯянд, ин пешрафт раванди тармими дастгоҳҳои сардкунандаи реакторро суръат хоҳад дод. Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ аммо мегӯяд, хуруҷи радиатсия аз ин нирӯгоҳи дар пайи заминларза тахрибшуда ҳанӯз идома дорад. Вале манбаъи хуруҷи радиатсия ҳанӯз ташхис нашудааст.
XS
SM
MD
LG