Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солеҳ 9 моҳи дигар ва исми ворисашро хостааст


Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ
Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ
Раисиҷумҳури Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ гуфт, танҳо баъд аз баргузории интихоботи парлумонӣ то моҳи январи соли 2012 аз мақом хоҳад рафт. Аҳмад Сӯфӣ, сухангӯи Солеҳ гуфт, ки ӯ то замони маълум шудани ҷойгузинаш қудратро нахоҳад супурд. Муҳаммад Сабрӣ, сухангӯи мухолифини Яман аммо ин пешниҳоди Солеҳро билофосила “танҳо як ҳилаи дигари сиёсӣ” номид ва радд кард.
Солеҳ рӯзи душанбе ба фармондеҳони артиш гуфт, дар сурати рафтани ӯ Яман даргири ҷанги шаҳрвандӣ хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол, вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс гуфт, Вошингтон аз бесуботӣ дар Яман дар ташвиш аст. Дар ҷараёни даргириҳо байни нирӯҳои амниятии Яман ва тазоҳургароне, ки алайҳи ҳукумати 32-солаи Солеҳ эътироз мекунанд, даҳҳо нафар ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG