Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳафт соли зиндони раисҷумҳури собиқи Исроил


Моше Катсав, раисҷумҳури собиқи Исроил

Моше Катсав, раисҷумҳури собиқи Исроил

Додгоҳи Исроил Моше Катсавро бо ҷурми таҷовуз ба номус ба муддати ҳафт сол аз озодӣ маҳрум кард.

Аснои ироаи ҳукм Катсав бо ашк дар чашмонаш фиғон зад, ки ин ҳукм "пирӯзии дурӯғ" аст.

Аммо вакили мудофеи Катсав иброз дошт, ки ҳукми додгоҳ барояш пешгӯишаванда будааст. Моҳи декабр додгоҳ изҳор намуда буд, ки Катсав дар соли 1998 аснои раҳбарии вазорати саёҳати Исроил ду дафъа ба номуси як зани ходими ҳамин вазорат таҷовуз кардааст.

"КАСЕ АЗ ҚОНУН БОЛО БУДА НАМЕТАВОНАД"
Катсав, ки дар Эрон ба дунё омада, сипас ба Исроил муҳоҷир шудааст, доимо ҳамчун намунаи комёбӣ зикр мешуд...


Ҳамчунин ба қавли додгоҳ, дар давраи раёсатҷумҳурӣ, миёни солҳои 2000-2007-ум, Катсав ду зани корманди дафтари раёсатҷумҳуриро мавриди азияти ҷинсӣ қарор дода буд.

Катсави 65-сола аз ибтидо айбномаҳоро рад мекард, вале маҷбур шуд, ки пеш аз мӯҳлат ба истеъфо равад. Қазияи Катсав ҳамроҳ бо иттиҳоми фасод сабаби асосии барканоршавии ҳукумати зери раҳбарии Эҳуд Олмерт низ номида мешавад.

Беянмин Натаняҳу, нахуствазири Исроил, ҳукми Катсавро аз як тараф мояи тассуф ва аз сӯи дигар мояи ифтихор номид: "Барои давлати Исроил ин як рӯзи хос аст. Аз як тараф, ин рӯзи шарму андӯҳ аст ва аз сӯи дигар, ин рӯзи ифтихор аст. Ифтихор аз низоми адлияи Исроил. Додгоҳ қарори муҳимро бар пояи асли одӣ қабул кард, ки он ҳам баробарии ҳам дар назди қонун аст. Касе аз қонун боло буда наметавонад.”

ЗОДАИ ЭРОН БУДУ ПРЕЗИДЕНТИ ИСРОИЛ

Ҳукми додгоҳи Исроил ба баҳсҳои панҷсолаи нерӯҳои мухталифи сиёсӣ ва сарнавишти як сиёсатмадори муваффақи исроилӣ хотима мегузорад.

Катсав, ки дар Эрон ба дунё омада, сипас ба Исроил муҳоҷир шудааст, доимо ҳамчун намунаи комёбӣ зикр мешуд. Ӯ дар синни 24 солагӣ ба мансаби ҳокими шаҳр расида, дар ҳизби муҳофизакори Ликуд чандин вазифаи масъулро бар дӯш доштааст.

Ӯ аввалин яҳудие буд, ки дар Ховари Миёна таваллуд шуда, ба курсии президенти Исроил нишаст. То Кастав фақат яҳудиҳои аврупоӣ президенти Исроил интихоб шуда буданд.

"ПАЁМИ ХЕЛЕ МУҲИМ"

Ҳомиёни ҳуқуқи занон аз ҳукми додгоҳ қаноатманд мебошанд. Мириам Шлер, раиси маркази бӯҳронии қурбониҳои таҷовуз ба номус, мегӯяд: "Ин як паёми хеле муҳим аст, ки тамоми қурбониҳои ин гуна ҷиноёт зери ҳимояти низоми адлия қарор доранд ва нерӯе ҳаст, ки аз онҳо дифоъ кунад. Ҳатто агар онҳо мавриди ҳамлаи фарде нерӯманде ба монанди президенти кишвар қарор гиранд.”

Додгоҳ ба Катсав амр додааст, ки рӯзи 8-уми май дар зиндон ҳозир шавад, то битавонад бозбинии ҳукми додгоҳро тақозо кунад.

Бар илова Катсав бояд ба қурбониҳои ҳамлаҳояш ба яке муодили 25 ҳазор ва ба дигаре муодили ҳафт ҳазор доллари амрикоӣ ҷубронпулӣ бипардозад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG