Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баргузории рӯзҳои фарҳанги Эрон дар Тоҷикистон


Рӯзҳои фарҳанги Эрон дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ шуда, то чаҳор рӯзи дигар идома хоҳад кард.

Ба ин хотир як ҳайати бузурги аҳли фарҳангу ҳунари Эрон, иборат аз 120 нафар, ба Тоҷикистон омадааст.
Барои нахустин бор аст, ки рӯзҳои фарҳанги Эрон дар Тоҷикистон ва он ҳам бо ҳузури 120 нафар аз аҳли фарҳангу ҳунар дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд баргузор мешавад...


Қарор аст дар чаҳорчӯби ин тадбири муҳими фарҳангӣ барномаҳои мухталиф, бавижа намоиши китоб, аккосӣ, нақошӣ, хушнависӣ, маҳфили ширу шакар бо ширкати аҳли адаб ва ҳамчунин намоиши филмҳои ҳунарӣ ва намоишномаҳои театрӣ баргузор шавад.

НАХУСТИН "РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ЭРОН"

Ҳадафи аслӣ аз ин чорабинӣ густариш ва тақвияти равобиту ҳамкориҳои судманди фарҳангӣ ва ҳунарӣ миёни Тоҷикистону Эрон унвон мешавад.

Миралӣ Достиев, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон (аз тарафи дасти рост)
Миралӣ Достиев, муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон, гуфт, "равобити иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавии Тоҷикистону Эрон тайи солҳои дароз густариш меёбад. Ин натиҷа ва самари талошҳои сарони ҳар ду давлат аст. Дар ин радиф муносибатҳои фарҳангии кишварҳои мо мақоми хосса дорад. Табодули гурӯҳҳои ҳунарӣ, театрӣ, адабӣ ва амсоли онҳо як амри маъмул гаштааст."

Ин барои бори нахуст аст, ки рӯзҳои фарҳанги Эрон дар Тоҷикистон ва он ҳам бо ҳузури 120 нафар аз аҳли фарҳангу ҳунар ва адаби эронӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд баргузор мешавад.



Сайидмуҳаммад Ҳусайнӣ, вазири фарҳанг ва иршоди Эрон, ки ҳайати эрониро дар рӯзҳои фарҳанги ин кишвар дар Тоҷикистон раҳбарӣ дорад, гуфт, кишвараш ҳамеша дар канори Тоҷикистон ва мардуми он будааст ва хоҳад буд.

"ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ"

Сайидмуҳаммад Ҳусайнӣ, вазири фарҳанг ва иршоди Эрон
Вай афзуд, "табиӣ ҳам аст, ду кишваре, ки ин ҳама муштаракот бо ҳам доранд, забони муштарак доранд, дини муштарак, таъриху фарҳанги муштараке доранд, ин пайвандҳо бояд бештар бошад. Албатта, он чи, ки аз ҳамзабонӣ болотар аст, ҳамдилӣ аст. Равобити мо ҳамеша дӯстона ва самимӣ будааст. Аммо, хуб ин ҳамзабонӣ як омили пайванддиҳандаи байни ду миллат аст."

Маросими ифтитоҳи рӯзҳои фарҳанги Эрон дар Тоҷикистон бо ширкати мақомоти фарҳангии ду кишвар дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ сурат гирифт.

Ҳамчунин, дар нахустин рӯз аз ин тадбири муҳим, намоишу фурӯши китоб, маҳсули аккосӣ, наққошӣ, хушнависӣ, санъати дастӣ ва кандакории Эрон дар Осорхона ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, ки мавриди истиқболи гарми аҳли адабу фарҳанги тоҷик ва ҳамчунин сокинони Душанбешаҳр қарор гирифт.



Дар доираи рӯзҳои фарҳанги Эрон маҳфили адабии "Ширу шакар" бо иштироки аҳли илму адаб низ дар назар аст. Ҳунармандони эронӣ намоишномаи "Рустам ва Исфандиёр"-ро барои мухлисони санъати театрии тоҷик ва сокинону меҳмонон армуғон овардаанд, ки муддати чаҳор рӯз ба маърази тамошо гузошта хоҳад шуд.

БОЗИГАРИ АСОСИИ "ҲАЗРАТИ ЮСУФ" НАОМАД

Дар ин рӯзҳо овозхонони мусиқии суннатии Эрон низ дар маҳофиле ҳузур пайдо карда ва ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Бахше аз филмҳои ҳунарии Эрон, аз қабили "Юсуф-паёмбар", ки дар миёни мардуми Тоҷикистон аз маҳбубияти хосе бархӯрдор аст, дар толорҳои синамоӣ ба намоиш гузошта мешаванд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан эълом шуда буд, ки Мустафо Замонӣ, бозигари нақши Юсуф дар таркиби ҳайати рӯзҳои фарҳанги Эрон ба Тоҷикистон хоҳад омад. Аммо он гуна, ки Абдуғаффори Абдуҷаббор, раиси дастгоҳи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфт, мухлисони ин ҳунарманд, танҳо филми "Юсуф-паёмбар"- ро метавонанд тамошо кунанд.

Ин масъули вазорати фарҳанг гуфт, "мутаассифона ҳунарпешагони маъруфи ин филми ҳунарӣ масруфи дигар филмбардорӣ ҳастанд. Ба ин хотир шакли синамоии филми "Ҳазрати Юсуф" дар ҳудуди якуним соат ва ҳамчунин филми дигар "Мулки Сулаймон" дар толорҳои синамои Тоҷикистон ба намоиш гузошта мешавад."

"ТОҶИКИСТОН БОЯД МУАРРИФӢ БИШАВАД"

Зафари Сӯфӣ, сардабири ҳафтаномаи мустақили "Озодагон"
Бо ин вуҷуд, баргузории маҳфилу барномаҳои мухталиф дар чаҳорчуби рӯзҳои фарҳанги Эрон дар Тоҷикистонро соҳибназарон заминаи дигаре барои муаррифии бештари фарҳангу ҳунар ва адаби Эрон медонанд.

Ба бовари Зафари Сӯфӣ, сардабири ҳафтаномаи мустақили "Озодагон", Эрон дар муддати ду даҳсолаи ахир дар заминаи муаррифии хеш дар Тоҷикистон корҳои муаассиру шоистаеро анҷом додааст. Ба таъкиди ҷаноби Суфӣ, ин Тоҷикистон аст, ки бояд худро бештар дар Эрон таблиғу ташвиқ кунад.

Рӯзҳои фарҳанги Эрон дар Тоҷикистон ба таърихи 27 март дар ҳоле поён меёбад, ки дар ин рӯз дар пойтахти Эрон, шаҳри Теҳрон, иди Нарвӯз бо шукӯҳу шаҳомати хос ва бо ширкати сарони беш аз 10 кишвар доир мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, низ аз ҷумлаи меҳмонони ин маҳфили наврӯзист. Ҳамчунин интизор меравад, раисҷумҳур аз Шероз, ба вижа Тахти Ҷамшед, ки Наврӯзро ба номи ӯ нисбат медиҳанд, дидан бикунад.
XS
SM
MD
LG