Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гейтс: Амалиёт дар Либия ба зудӣ хотима меёбад


Роберт Гейтс ва Анатолий Серлюков
Роберт Гейтс ва Анатолий Серлюков
Амалиёти низомӣ дар Либия рӯзҳои наздик қатъ хоҳад шуд. Дар ин бора вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс баъд аз мулоқот бо ҳамтои русаш Анатолий Сердюков дар шаҳри Маскав хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, нерӯҳои Эътилофи байнулмилалӣ барои ҷилавгирӣ аз ҳалокати мардуми осоишта аз ҳама чораҳои имконпазир кор мегиранд.

Вазири дифоъи Русия, дар навбати худ, аз ҷонибҳои даргир дар Либия даъват кард, ки задухӯрдҳоро қатъ ва музокиротро шурӯъ кунанд.

Нерӯҳои Эътилофи байнулмилалӣ шаби гузашта ҳамла ба сохтори зидди ҳамлаи ҳавоӣ ва мавқеъи низомиёни ҳукумати Либияро идома доданд.

Ба иттилоъи Триполӣ, ҳангоми зарба ба фурудгоҳ дар шаҳри Сирт теъдоди зиёди одамон кушта шудаанд. Телевизиони Би-Би-Си бо пахши ин хабар афзудааст, ки ин иттилоъ то ҳол аз сӯи дигар манбаъҳо тайид нашудааст.
XS
SM
MD
LG