Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифати Эрдуғон ба раёсати НАТО дар амалиёти Либия


Раҷаб Тайиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия, ба вогузории раҳбарии амалиёт дар Либия бар дӯши Паймони НАТО мухолифат кард.

Ба гуфтаи ӯ Туркия, кишвари узви НАТО, ҳеҷ гоҳ силоҳи худро сӯи мардуми Либия равона нахоҳад кард.

Эрдуғон дар як мулоқот бо раёсат ва аъзои ҳизби ҳокими Адолат ва тараққиёт ҳамчунин гуфт, "амалиёт дар Либия бояд фақат аҳдофи башариро пиёда созад ва таҳти сарпарастии Созмони Миллал баргузор шавад. Ин амалиёт бояд дар асоси қонунӣ доир гардад".

Дар Либия ҳавопаймои низомии F-15E суқут намуд, ки дар амалиёти байнулмилалии таъини минтақаи мамнӯъ барои парвозҳо ширкат мекард. Ба иттилоъи низомиёни воломақоми амрикоӣ, ба сарнишинҳои ҳавопаймо осебе нарасидааст. Нашрияи бритониёвии Daily Telegraph хабар дод, ки сарнишинҳо дар минтақаи таҳти назорати ошӯбгарон ошкор шуданд. Гуфта мешавад, ки ҳавопаймо бар асари мушкили техникӣ суқут кардааст.
XS
SM
MD
LG