Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирозгарон аз сарнавишти афроди ғайбзада нигаронанд


Имрӯз тақрибан 30 нафар дар канори бинои ҳукумати Қирғизистон ҷамъ омада, талаб намуданд, ки сарнавишти пайвандони баъд аз низоъи қавмии тобистони гузашта дар Ӯшу Ҷалолобод ғайбзадаашон ҳарчӣ зудтар маълум карда шавад.

Онҳо талаб карданд, ки мақомот ҷасадҳои афроди дар ин ҳаводис кушташударо мушаххас кунанд.

Эътирозгарон гуфтанд, ки онҳо хостанд бо раисиҷумҳур Роза Отунбоева ва раиси парлумон Аҳмадбек Келдибеков мулоқот кунанд ва аммо хадамоти амниятӣ садди роҳашон шуданд.

Пайвандони афроди гумном изҳор намуданд, ки ҳама арзу шикоятҳои хаттиву шифоҳии онҳо бидуни посух мондаанд ва агар эътирози имрӯза ҳам бидуни натиҷа поён ёбад, онҳо даст ба гуруснашинӣ мезананд.

Бар асари низоъ миёни ӯзбакҳоиву қирғизҳо дар вилоятҳои Ӯшу Ҷалолобод дар миёнаҳои моҳи июни соли гузашта беш аз 400 нафар кушта шуданд.

Шахсияти даҳҳо нафари дар ин низоъ кушташуда мушаххас нашудааст, зеро озмоишгоҳҳои Қирғизистон барои доир кардани ташхиси ДНК таҷҳизоти зарурӣ надоранд.
XS
SM
MD
LG