Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Густариши таблиғи сиёсати давлат дар Рашт


Дар остонаи Наврӯз, беш аз 40 фиристандаи барномаҳои радио ва телевизион дар водии Рашт насб шуд.

Масъулони Кумитаи радио ва телевизион ин иқдомро ба манзури беҳбуди дастрасии сокинони ин минтақа ба ахбору иттилооти дохил ва хориҷи кишвар арзёбӣ карданд. Ин дар ҳолест, ки аз даврони шӯравӣ ба ин сӯ, 28 деҳаи минтақаи Рашти Тоҷикистон аз тамошои шабакаҳои телевизионӣ ва шунидани барномаҳои радиоӣ маҳрум буданд.

ХУШҲОЛИИ СОКИНОНИ РАШТ

Насби фиристандаҳои пахши барномаҳои радио ва телевизиони давлати Тоҷикистон дар ноҳияҳои кӯҳистонии минтақаи Рашти Тоҷикистон мояи хушҳолии сокинони ин минтақа шудааст. Зеро он гуна, ки Диловари Мирзо, як тан аз равшанфикрони ин минтақа дар сӯҳбат бо РО гуфт, аксари деҳаҳои кӯҳистонии ин минтақа на танҳо дар даврони Шуравӣ, балки тайи солҳои истиқлол низ аз тамошои барномаҳои телевизион ва шунидани шабакаҳои радиоии давлатӣ маҳрум буданд: «23 деҳае, ки дар давоми солҳои зиёд телевизион ва радиои Тоҷикистонро намегирифтанд, пурра таъмин карда шуданд. Имрӯз деҳаеро дар ноҳияҳои Рашт ёфтан мушкил аст, ки аз тамошо ва шунидани барномаҳои телевизион ва радио маҳрум бошанд».

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои масъулони ҳукумати ноҳияи Ғарм, то кунун ҳудуди 15 дар сади ҷамъияти шарқи Тоҷикистон комилан аз тамошо ва шунидани шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии давлатӣ маҳрум буданд. Ба ин тартиб он гуна, ки Самад Ҳикматов, муовини раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ба РО гуфт, танҳо дар ноҳияҳои кӯҳистонии минтақаи шарқ дар остонаи иди Наврӯз, беш аз 40 фиристандаи радиоӣ ва телевизионӣ насб шудааст, ки ҳадафи аслӣ, дастрасии мардум ба ахбору иттилооти дохил ва хориҷи кишвар аст: «беш аз 40 фиристандаи радиоӣ ва телевизионӣ дар остонаи Наврӯз насб шуд, ки ин дар ноҳияи Нуробод, дар Самсолиқ, дар Тоҷикобод, Ҷиргатол Ғарм ва дигар ноҳияҳои ин минтақа».

"ҒИЗОИ МАЪНАВӢ" БА РАШТИЁН

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ зимни мулоқот бо зиёиён дар се рӯзи пеш, фароҳам шудани шароити тамошо ва шунидани барномаҳои шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ барои мардуми минтақаи Раштро муҳим хонд ва гуфт, мардум ба ин васила «ғизои маънавӣ» хоҳанд гирифт. Аммо раиси ҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки барои насби ин фиристандаҳо ва таҷҳизоти зарурӣ барои дастрасӣ ба шабакаҳои радио ва телевизион, маблағҳои зиёде сарф шудааст.

Аммо иддае аз коршиносон талошҳои ҳукумати Тоҷикистон ба манзури фарогирии сокинони шарқи Тоҷикистон бо барномаҳои радио ва телевизионро саривақтӣ медонанд. Зеро ба таъкиди онҳо, ин минтақа дар гузашта аз пойгоҳҳои аслии Иттиҳоди мухолифони пешини давлат буд ва дар чанд соли ахир бештар ҳарфи фармондеҳони мухолифон бештар ба мардум асар дошт, нисбат ба сухани мақомоти маҳаллӣ ва марказӣ. Ҳамакнун иқдоми ахири ҳукумати Тоҷикистон барои дастрасии бештар пайдо кардани сокинони минтақаи Рашт ба шабакаҳои радио ва телевизиони давлатӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки дар нимаи дуввуми соли гузашта ин минтақа шоҳиди нооромиҳо ва муқовиматҳои мусаллаҳона гардид.

ТАБЛИҒИ СИЁСАТИ ДАВЛАТ?

Давлати Усмон, таҳлилгари тоҷик
Давлати Усмон, таҳлилгари тоҷик бар ин бовар аст, ки яке аз сабабҳои рӯ задани нооромиҳо дар шарқи Тоҷикистон, дур мондани мардум аз сиёсати ҳукумат буд: «ташвиши давлат баъди ин ҳодисаҳо зиёд шуд, шояд яке аз омилҳое, ки ин ҳодисаҳо дар ин минтқа рух дод, шояд дур мондани мардум аз сиёсати ҳукумат буд».

Ба ин далел ҷаноби Усмон мегӯянд, ҳамакнун давлат мехоҳад то аз тариқи фароҳам овардани шароити фаннии пахши барномаҳои радио ва телевизиони давлатӣ, сиёсати худро бештар дар миёни мардуми шарқи Тоҷикистон ташвиқу тарғиб ва ҳамзамон тақвият бахшад. Зеро ба таъкиди ин таҳлилгари тоҷик, дар ҳоле, ки мардум камтар ба матбуот дастрасӣ доранд ва ё ба таъхир онро дастрас мекунанд, радио ва телевизион метавонад, беҳтарин воситаи кӯмаккунандаи таблиғоти барномаҳои давлати Тоҷикистон бошад.

КАМАРОБ ОИНАИ НИЛГУНРО МЕБИНАД

Ин дар ҳолест, ки ба иттилои Самад Ҳикматов, муовини раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, ҷамоати деҳаи Боқӣ Раҳимзода, ки бо дараи Камароб машҳур аст, сад дар сад бо барномаҳои радио ва телевизион таъмин гардидааст. Дараи Камаробе, ки нооромиҳои соли гузашта низ аз ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳ ба корвони мошинҳои вазорати дифоъ дар ин минтақа оғоз гардид. Бар асари ин ҳамла, ки 19 сентябри соли гузашта сурат гирифт, 25 сарбозу афсари вазорати дифоъ кушта ва 15 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Тибқи иттилои масъулони Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, ҳудуди сад дар сади аҳолии Тоҷикистон бо барномаҳои шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон фаро гирифта шудааанд. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи ин масъулон, то касби истиқлоли Тоҷикистон танҳо ҳудуди 50 дар сади аҳолии кишвар ба тамошои телевизиони марказии ин кишвар дастрасӣ доштанд.

Аммо ба иттилои ин манобеъ, фарогирии шабакаҳои телевизионии «Сафина», «Ҷаҳонанамо» ва «Баҳористон» дар ҳудуди 70 дарсад ва аз он зиёдро ташкил медиҳад. Ба ин далел Самад Ҳикматов, муовини раиси Кумитаи радио ва телвизиони Тоҷикистон гуфт, ки то таҷлили 20-умин солгарди истиқлоли кишвар, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ ҷашн гирифта мешавад, пахши барномаҳои радио ва шабакаҳои давлатӣ ба таври пурра таъмин карда хоҳанд шуд. Ҳарчанд ба таъкиди ҷаноби Ҳикматов, танҳо барои вилояти Бадахшони Тоҷикистон ҳудуди 700 фиристанда лозим аст.
XS
SM
MD
LG