Пайвандҳои дастрасӣ

Дар нерӯгоҳи ҳастаии “Фукушимо” ҳарорати оби ҳавз бо маводи сӯхти истифодашуда яку якбора боло рафт.

Бар асари ин сатҳи радиатсия афзоиш ёфт ва кормандони нерӯгоҳ ба ҷойи амн интиқол дода шуданд. Баъд аз чанд муддат корҳои барқарорсозии системи таъмини барқ ва сардсозии реакторҳо аз сар гирифта шуд.

Юкия Амано, раиси Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ, дирӯз гуфт, ки вазъ дар нерӯгоҳи “Фукушимо” сангин аст ва аммо афзуд, ки ба рафъ шудани бӯҳрон шубҳае надорад.

Теъдоди қурбониёни заминларза ва тсунамии мудҳиш дар Ҷопон аз марзи нӯҳ ҳазор нафар убур кард. Бар пояи иттилоъи расмӣ, беш аз 12-у ним ҳазор нафар то ҳол беному нишонанд.
XS
SM
MD
LG