Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Медведев аз мушкили ошкорсозии ҷиноятҳо


Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия аз он изҳори нигаронӣ кард, ки тақрибан нисфи ҷиноёти дар кишвар соли гузашта содиргашта ошкор нашудаанд ва ошкорсозии ҷиноёт назар ба соли 2009-ум 30 дар сад коҳиш ёфтааст.

Зимни суханронӣ дар нишасти коллегияи вазорати умури дохилии Русия, раисиҷумҳур ҳадс зад, ки дар ҷараёни ислоҳот ва санҷиши раҳбарони мақомоти умури дохилӣ тақрибан 50 дар сади онҳо аз мансабҳояшон маҳрум хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG