Пайвандҳои дастрасӣ

Дар таркиш дар Покистон ҳама кӯҳканҳо кушта шуданд


Дар вилояти Балуҷистон, воқеъ дар ҷанубу ғарби Покистон, бар асари таркиш дар кони ангишт ҳамаи 43 кӯҳкан ба ҳалокат расидаанд.

Имрӯз охирин ҷасадҳо аз ин кон, ки дар 40 километрии шарқи Кветта ҷойгир аст, берун оварда шуданд.

Ифтихор Аҳмад, муфаттиши корҳои кӯҳӣ, эълом дошт, ки амалиёти наҷот дар ҷойи ҳодиса поён ёфтааст.

Ба гуфтаи ӯ, тафтишот муқаррар намуд, ки таркиш бар асари ҷамъ шудани гази метан дар кон рӯх додааст.

Ифтихор Аҳмад афзуд, ки ду ҳафта пеш ин кони ангишт хатарбор эълон шуда буд ва аммо масъулин инро нодида гирифтанд.
XS
SM
MD
LG