Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни офат дар Ҷопон аз 9 ҳазор нафар гузашт


Теъдоди қурбониёни заминларза ва тсунамии мудҳиш дар Ҷопон аз марзи нӯҳ ҳазор нафар убур кард. Бар пояи иттилоъи расмӣ, беш аз 12-у ним ҳазор нафар то ҳол беному нишонанд.

Дар нерӯгоҳи “Фукушимо”, ки дар натиҷаи офати табиӣ осеб дидааст, корҳои барқарорсозии системи таъмини барқ ва сардсозии реакторҳо аз сар гирифта шуд.

Қаблан хабар дода мешуд, ки ин корҳо бар асари пайдо шудани дуди сафед дар болои реакторҳои дуввуму сеюм мутаваққиф шудаанд.

Юкия Омано, раиси Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ, дирӯз гуфт, ки вазъ дар нерӯгоҳи “Фукушимо” сангин аст ва аммо афзуд, ки ба рафъ шудани бӯҳрон шубҳае надорад.
XS
SM
MD
LG