Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба мавқеъи низомиёни Либия идома кард


Нерӯҳои Эътилофи байнулмилалӣ шаби гузашта ҳамла ба сохтори зидди ҳамлаи ҳавоӣ ва мавқеъи низомиёни ҳукумати Либияро идома доданд.
Шаҳри Триполӣ низ ҳадафи бомбборон қарор гирифт.

Ба иттилоъи мақомоти Либия, ҳангоми зарба ба фурудгоҳ дар шаҳри Сирт теъдоди зиёди одамон кушта шудаанд. Телевизиони Би-Би-Си бо пахши ин хабар афзудааст, ки ин иттилоъ то ҳол аз сӯи дигар манбаъҳо тайид нашудааст.

Хабар дода мешавад, ки бар асари дахолати кишварҳои хориҷӣ ҳаракати нерӯҳои вафодор ба Қаззофӣ ба мавқеъҳои ошӯбгарон мутаваққиф гардид.
XS
SM
MD
LG