Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳрайн аз Туркия дасти мадад меҷӯяд


Майдони Лӯълӯ - маркази эътирозҳои ахири Баҳрайн
Майдони Лӯълӯ - маркази эътирозҳои ахири Баҳрайн
Вазири хориҷаи Баҳрайн Шайх Холид ал-Халифа имрӯз барои баҳси ошӯбҳои ахири таҳти раҳбарии мухолифини шиъа дар ин кишвар ба Туркия сафар мекунад. Ҳамтои турки ӯ Аҳмад Довудуғлӯ гуфт, Туркия аз ошӯбҳои Баҳрайн, ки “метавонад ба як низоъи байналмилалӣ табдил шуда, таниши байни шиъаҳову сунниҳоро дар минтақа доман занад”, дар ташвиш аст. Ӯ афзуд, ки Туркия ба манзури оддӣ сохтани танишҳо ҳам бо Арабистони Саудӣ ва ҳам бо Эрон дар тамос мебошад. Теҳрон эъзоми нирӯҳои кишварҳои халиҷи Форс ба раҳбарии Саудия ба Баҳрайнро дар пайи саркӯбии эътирозҳо маҳкум кард. Ин қазия мояи танишҳо байни Эрону кишварҳои арабии халиҷ шудааст. Дар Баҳрайн аксарияти шиъа бо талаби ҳуқуқи бештар алайҳи ҳокимони суннӣ эътироз мекарданд.
XS
SM
MD
LG