Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба эътирозгарон пайвастани генералҳои яманӣ


Генерал Ал-Аҳмар
Генерал Ал-Аҳмар
Ба дунболи ба эътирозгарон пайвастани чанд генералу дипломати аршад ва раҳбарони чанде аз қабоили Яман дар пойтахти ин кишвари арабӣ, Санъо, тонкҳову зиреҳпӯшҳо мустақар шудаанд. Эътирозҳо бо талаби хатми 32 соли ҳукумати раиси ин ҷумҳурӣ Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ дар Яман ҳудуди 2 моҳ боз идома дорад. Дирӯз генерал-майор Алӣ Мӯҳсин Ал-Аҳмар, фармондеҳи дивизияи якуми зиреҳпӯши артиши Яман изҳор дошт, ки ба ҷунбиши зидди давлати Солеҳ ҳамроҳ мешавад.
XS
SM
MD
LG