Пайвандҳои дастрасӣ

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама гуфт, Амрико нақши раҳбариаш дар иҷрои қатъномаи СММ алайҳи режими Муаммар Қаззофиро “то чанд рӯзи дигар” хоҳад супурд. Обама, ки дар Чили сӯҳбат мекард, гуфт, мӯҳлати фармондеҳии Амрико кӯтоҳ ва маъмурияташ дар Либия низ маҳдуд аст, вале мавзеъи расмии Вошингтон ин аст, ки Қаззофӣ бояд истеъфо диҳад: “Сиёсати Амрико ҳамин аст, ки Қаззофӣ мулзам ба рафтан аст. Ва мо бар замми талошҳои низомӣ як силсилаи фарогири васоили дигарро низ дар ихтиёр дорем, то аз ин сиёсат ҳимоят кунем.”
Бо ин ҳол, телевизиони давлатии Либия дар бораи бомбборҳо дар чандин минтақаи пойтахт -Троблус хабар дода, шоҳидон мегӯянд, дар пойгоҳи баҳрии Бусета, 10-километрии Троблус таркишҳо рух додаанд. Сухангӯи давлати Либия бомббор шудани дастикам як шаҳр дар ҷануби кишварро низ тасдиқ кардааст. Аз сӯи дигар, мақомоти Либия иддао доранд, ки шаҳри Мисротаро аз чирикиҳо пас гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG