Пайвандҳои дастрасӣ

Иллатҳои марги мармузи Илюхинро таҳқиқ хоҳанд кард


Виктор Илюхин

Виктор Илюхин

Мақомоти Русия мегӯянд, ба таҳқиқи қазияи фавти узви фаъоли Ҳизби коммунист Виктор Илюхин шурӯъ кардаанд. Илюхин рӯзи шанбе дар синни 62 аз дунё гузашт.
Табибон сактаи қалбро иллати марги ӯ медонанд. Вале намояндагони ҳизби коммунисти Русия хостори таҳқиқи қазия шуда, мегӯянд, ки ӯ қаблан иллати қалб надошт ва шояд кушта шуда бошад.
Виктор Илюхин муовини раиси кумитаи конститутсионии Думаи давлатӣ, маҷлиси поёнии парлумони Русия буд. Ӯ аз соли 1993 узви парлумон буда, ҳамчун мунтақиди сарсахти раҳбари вақти Русия Борис Елтсин ном бароварда буд.
XS
SM
MD
LG