Пайвандҳои дастрасӣ

Отунбоева барои як ҳафта ба ҷануби Қирғизистон рафт


Сафари ҳафтрӯзаи раисиҷумҳури Қирғизистон Роза Отунбоева ба вилоёти ҷануби ин кишвар - маҳалли даргириҳои хунини қавмии тобистони гузашта – шурӯъ шуд. Ӯро дар ин сафар раиси парлумон Аҳмадбек Келдибеков ҳамроҳӣ мекунад.
Отунбоева дар рӯзи таҷлил аз иди Наврӯз бо сокинони шаҳри Қаросӯи вилояти Ӯш мулоқот карда, Наврӯзро як иди бостонии “сулҳу назму эҳё” номидааст. Ӯ аз мардуми ин минтақа даъват кард, то аз ҳар навъ иғвои сиёсие, ки метавонад ба хунрезӣ бикашонад, парҳез кунанд.
Бар асари даргириҳои қавмии моҳи июн байни узбакҳову қирғизҳо дар вилоёти Ӯшу Ҷалолобод беш аз 400 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG