Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Барқи Тоҷик" аз аҳолӣ барои лимити барқ узр хост


Идораи марказии "Барқи Тоҷик" дар Душанбе
Идораи марказии "Барқи Тоҷик" дар Душанбе
Ширкати “Барқи Тоҷик” ба ин далел, ки натавонист дар рӯзҳои иди Наврӯз аҳолии кишварро бо нирӯи барқ таъмин кунад, узр хостааст. Дафтари матбуоти ин ширкат дар як баёния изҳори таассуф кард, ки “вобаста ба носозгориҳои табиат дар ин рӯзҳои ид имкони ба таври комил бо барқ таъмин кардани кишварро наёфт.”
Аз авоили моҳи март дар Тоҷикистон лимити шадиди нирӯи барқ ҷорӣ шуда, ба аҳолии рустоҳои кишвар ҳатто дар рӯзҳои Наврӯз дар шабонарӯз ҳамагӣ то 2 соат барқ дода мешавад. “Барқи Тоҷик” инро ба кам шудани мизони маҷрои оби рӯди Вахш бастагӣ медиҳад.
XS
SM
MD
LG