Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Элбегиев аз ҳукми додгоҳ шикоят бурд


Генерал Владимир Шаманов
Генерал Владимир Шаманов
Ронандаи тоҷик Давлатшоҳ Элбегиев ҳукми додгоҳи ноҳияи Зареченск дар мавриди ӯро сангин дониста, ба додгоҳи вилояти Тулаи Русия шикоят бурдааст. Ин додгоҳ рӯзи 4 март ӯро дар сониҳа бо мошини хидматии фармондеҳи нирӯҳои десантии артиши Русия генерал Владимир Шаманов муҷрим шинохта, ба 6 соли корҳои ислоҳӣ маҳкум кард. Мошини МАЗ-и Элбегиев рӯзи 30 октябр дар вилояти Тула бо мошини БМВ-и генерал Шаманов бархӯрд кард. Бар асари сониҳа ронандаи генерал ҳалок шуда, худи ӯ ва ду афсари дигари баландпояи нирӯҳои десантии артиши Русия ҷароҳат бардоштанд. Фармондеҳи ситоди дивизияи Тула сарҳанг Алексей Науметс, ки низ дар он садама осеб дида буд, низ аз ҳукми додгоҳ дар қиболи Элбегиев шикоят овардааст, вале ӯ бар хилофи ронандаи тоҷик, ин ҳукмро хеле сабук медонад.
XS
SM
MD
LG