Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори Маскав аз таҳдиди ҳероини афғонӣ


Бастаҳои кашфшудаи ҳероин дар Ҳирот

Бастаҳои кашфшудаи ҳероин дар Ҳирот

Русия гуфт, Шӯрои Амнияти СММ бояд тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистонро таҳдид ба сулҳу амнияти ҷаҳонӣ бишиносад. Виктор Иванов, раҳбари Хадамоти мубориза бо маводи мухаддири Русия дар шурӯъи иҷлоси куммиссиюни зидди маводи мухаддири СММ дар Вена гуфт, чунин арзёбии ҳуқуқӣ заминаи машрӯъи сиёсӣ барои иқдомоти ҳамоҳангшудаи ҷомиаи ҷаҳониро фароҳам хоҳад сохт.
Тоҷикистон, ки бо Афғонистон ҳудуди 1400 километр марзи муштарак дорад, як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири афғонӣ, умдатан ҳероину афюн, ба Русия шинохта мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG