Пайвандҳои дастрасӣ

Тими миллии футболи Тоҷикистон дар нахустин бозияш дар сабқати гурӯҳии Ҷоми даъвати Конфедератсиюни футболи Осиё дар Ҷазоири Молдив рӯзи 21-уми март бар мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.

Голи ягонаро капитани қирғизҳо Руслан Сиддиқов дар дақиқаи 88-уми дидор бо сар ба дарвозаи дастааш ворид кард.

Дар бозии дигари гурӯҳи “С”, дастаи мизбон-ҷазоири Молдив бар тими Камбоҷа бо ҳисоби бузурги 4:0 ғалаба кард.

Натоиҷи бозиҳои ду гӯрӯҳи дигар чунин аст:

Гурӯҳи “А”

Мянмар – Филипин – 1:1
Фаластин – Бангладеш – 2:0

Гурӯҳи “В”

Туркманистон – Покистон – 3:0
Ҳиндустон – Тайван – 3:0

Бозиҳои гурӯҳи “D” аз ҳафтум то ёздаҳуми апрели соли ҷорӣ барпо мегардад.

Мунтахаби Тоҷикистон дар даври дувуми сабқати гурӯҳи “С” рӯзи 23-юми март бо тими Камбоҷа қувваозмоӣ мекунад. Бозии охирини сабқати ин гурӯҳ миёни тимҳои Тоҷикистону Ҷазоири Молдив рӯзи 25-уми март баргузор хоҳад шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG