Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кормандони "Фукушимо" ба ҷои амн интиқол ёфтанд


Имрӯз кормандони нерӯгоҳи ҳастаии "Фукушимо" баъди пайдо шудани дуди ғализи хокиранг дар болои реактори саввум ба ҷойи амн интиқол дода шуданд. Сабабҳои пайдо шудани ин дуд тафтиш мешавад.

Ба навиштаи хабаргузориҳои Ҷопон, интиқоли нерӯи барқ ба ҳамаи се реактор барқарор шудааст ва аммо системи сардсозии реакторҳо ҳанӯз ҳам фаъол нест.

Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ гуфтанд, ки барои рафъи паёмадҳои заминларза ва тсунамӣ дар Ҷопон панҷ сол ва тақрибан 235 миллиард доллар сарф хоҳад шуд.

Мақомоти Ҷопон ҳадс задаанд, ки теъдоди қурбониёни офати табиӣ дар кишвар шояд аз 18 ҳазор бештар бошад. Айни ҳол ҳалокати 8-у ним ҳазор нафар расман таъйид шудааст.
XS
SM
MD
LG