Пайвандҳои дастрасӣ

Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманей, раҳбари Эрон, имрӯз гуфт, ки ҷашни Наврӯзи имсолро ҳаводиси хунин дар Либия, Баҳрайн ва Яман халалдор кардаанд.

Дар из паём ба шарафи фарорасии иди Наврӯз аз тариқи телевизиони Эрон ӯ гуфт, "Худованди мутаъол барои ин миллатҳо фараҷи оҷиле бирасонад ва душманони миллатҳоро бо уқубати худ муҷозот кунад".

Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон, режими раҳбари Либия Қаззофиро барои куштори эътирозгарон маҳкум намуд ва аз мухолифин дар Либия пуштибонӣ намуд.

Ва аммо Теҳрон ба комёб шудани дахолати низомии хориҷӣ ба умури Либия бо назари шубҳа менигарад, зеро, аз нигоҳи мақомоти Эрон, ин дахолат аз сӯи аксари либиягиҳо пуштибонӣ намеёбад.
XS
SM
MD
LG