Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Барқи тоҷик" аз сокинон узр пурсид


Бинои ширкати "Барқи тоҷик" дар шаҳри Душанбе

Бинои ширкати "Барқи тоҷик" дар шаҳри Душанбе

Ширкати "Барқи тоҷик" барои он ки натавонистааст дар Наврӯз мардумро бо барқ таъмин бикунад, узр хост.

Дафтари матбуоти ин ширкат дар як баёния навиштааст, "Барқи тоҷик изҳори таассуф мекунад, ки вобаста ба носозгориҳои табиат дар ин рӯзҳои ид имкони ба таври комил бо барқ таъмин намудани кишварро наёфт."

Дар ин нома ҳамчунин гуфта шудааст, ки "сар аз моҳи
Мо бегоҳӣ танҳо ҳудуди ду соат барқ доштем. Дар боқимондаи вақт аслан барқ намедиҳанд...
март дар кишвар ҳарорати ҳаво якбора паст ва боис ба халали ҷиддӣ ворид гардидан ба таъминоти мӯътадили барқ шуд. Дар ҳамин рӯзҳо маҷрои дарёи Вахш 150-160 метри мукаабро дар як сония ташкил медиҳад, ки ин аз ҳамин давраи соли гузашта дувуним баробар ва аз ҳисоби миёнаи бисёрсола ду баробар кам аст."

Одинамаҳмад Чоршанбиев, як масъули ширкати "Барқи тоҷик" гуфт, шурӯъ аз рӯзи 20-уми март, яъне дар остонаи иди Наврӯз, лимити интиқоли неруи барқ ба аҳолии кишвар оғоз шудааст.

Вай низ ин амрро ба сабаби ба маротиб кам шудани мизони об дар рӯдхонаи Вахш унвон кард ва гуфт, "ҷоришавии об дар рӯдхонаи Вахш то ба 63-70 метри мукааб дар як сония расидааст, ки дар муддати аз соли 1932 то ин вақт инро муқоиса кунем, 3,5 маротиба камтар аст."

Масъулони ширкати "Барқи тоҷик" мегӯянд, иншоотҳои ҳаётан муҳим дар кишвар бо нерӯи барқ ба таври комил таъмин буда, аммо барои сокинони минтақаҳо дар шабонарӯз танҳо ду соат нерӯи барқ дода мешавад.
Мутахассисони бахши энержии Тоҷикистон мегӯянд, мизони камбуди нерӯи барқ дар фасли тирамоҳ ва зимистон беш аз 3 миллиард киловат соатро ташкил медиҳад...


Ин дар ҳолест, ки дар фасли тирамоҳ ва зимистон аҳолии Тоҷикистон нисбат ба солҳои пеш дар шабонарӯз ҳудуди 10 то 12 соат бо нерӯи барқ таъмин шуда буданд ва як моҳе қабл маҳдудияти рӯзонаи интиқоли неруи барқ аз байн бардошта шуд.

Аммо ҳамакнун ҷорӣ шудани реҷаи махсуси интиқоли неруи барқ ба аҳолӣ дар остонаи ҷашни Наврӯз нигарониҳои сокинонро ба бор овардааст.

Маҳмад, як сокини ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд, "мо бегоҳӣ танҳо ҳудуди ду соат барқ доштем, дигар барқ аслан нест. Хайрият ҳаво каме ҳам бошад нисбат ба рӯзҳои пеш гарм шудааст, вагарна шабона барои кӯдакон хеле душвор аст."

Аммо Абдукарим, сокини ноҳияи кӯҳистонии Шӯрообод мегӯяд, "се рӯз боз барқ нест. Рӯзи пеш як соат, дирӯз як соат доданд. Мардум ҳама сарсону саргардон, намедонанд чӣ кор кунанд. Кӯҳистон нисбат ба водӣ сардтар аст. Рӯз мешавад мардум дар байни деҳа ҷамъ мешаванд. Ман, ки раиси хоҷагӣ ҳастам, муроҷиат мекунанд, аммо намедонам, чӣ ҷавоб диҳам."

Дар зимн, маҳдудияти нерӯи барқ дар беш аз даҳсолаи ахир дар фасли тирамоҳ ва зимистон ба иллати камбуди нерӯи барқ дар Тоҷикистон сурат мегирад.

Зеро бар асоси иттилои мутахассисони бахши энержии Тоҷикистон, мизони камбуди нерӯи барқ дар фасли тирамоҳ ва зимистон беш аз 3 миллиард киловат соатро ташкил медиҳад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG