Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сухангӯи артиши Либия эълон кард, ки маҳаллӣ барои тамоми воҳидҳои давлатӣ оташбаси ҷадид амр шудааст.

Ин хабар дар ҳоле эълон шуд, ки расонаҳо дар бораи шиллики мушакҳои зиддиҳавоӣ дар Троблус ё Триполӣ, пойтахти Либия, хабар медиҳанд.
Амалиёти “Субҳи Оддисей” бузургтарин таҷовузи низомии кишварҳои Ғарб дар ҷаҳони Араб аз замони вуруди нерӯҳои таҳти фармони Амрико ба Ироқ дар моҳи марти соли 2003-юм дониста мешавад...


Қаблан, адмирал Майк Маллен, фармондеҳи ситоди муттаҳидаи артиши Амрико гуфт, нерӯҳои эътилоф аллакай заминаи “ҳарими барои парвозҳо мамнӯъ”-ро дар фазои Либия омода кардаанд.

Аммо ӯ ҳушдор дод, ки натиҷаи кор дар Либия “хеле норӯшан” боқӣ монда, Муаммар Қаззофӣ шояд лаҷоми қудратро аз даст сар надиҳад.

БУНБАСТИ ЛИБИЯ

Маллен гуфт, ҳамлаҳои ҳавоии рӯзи 19-уми март низоми дифои ҳавоии Либияро аз кор андохта, пешрафти нерӯҳои Қаззофӣ ба самти Бенғозӣ, маркази чирикиҳоро манъ карданд. Вай аммо дар посух ба ин суол, ки оё низои феълии Либия метавонад вориди бунбаст шуда, Қаззофӣ дар раъси ин давлат бимонад, гуфт, ин имкон дорад.

Адмирал Майк Маллен
Адмирал Маллен гуфт, ҳавопаймоҳои низомии Қатар низ ба наздикии Либия расидаанд.

Канадаву Итолиё ва Дания низ узви эътилофанд, вале то кунун дар ин амалиёт алайҳи Либия асосан нерӯҳои Амрикову Фаронса ва Бритониё истифода шудааст.

Кишварҳои Ғарб ва чанд кишвари арабӣ амалиёти “Субҳи Оддисей” алайҳи Либияро дар пайи аз сӯи Шӯрои Амнияти СММ тасвиб шудани қатъномаи рақами 1973 ба роҳ андохтанд.
ДИФОЪ Ё БОМББОРИ БЕШТАРИ МАРДУМ?

Ин қатънома ба хотири гирифтани пеши роҳи куштори мардуми мулкӣ фазои Либияро барои парвоз мамнӯъ эълон карда, истифодаи тамоми тадобири лозим, ба истиснои эъзоми нирӯҳои хушкигард ба Либияро дар бар мегирад.

Аммо Амр Мӯсо, раҳбари Лигаи давлатҳои арабӣ гуфт, нерӯҳои эътилоф аз марзи мандати СММ хориҷ рафтаанд. Ӯ гуфт, ҳадаф “дифоъ аз мардуми мулкист, на бомббори мардуми бештар”. Ин дар ҳолест, ки Лигаи давлатҳои арабӣ қаблан худ аз СММ хоста буд, то алайҳи режими Қаззофӣ иқдом кунад.

Давлати Либия мегӯяд, дар ҷараёни ҳамалоти рӯзи шанбе 64 нафар кушта шуданд. Аммо тадқиқи ин иддао аз сӯи манобеи мустақил имкон надорад.
Бовар меравад, ки тайи ҳафтаҳои охир, дар ҷараёни амалиёти зидди чирикиҳое, ки алайҳи ҳукумати 42-солаи Муаммар Қаззофӣ набард мекунанд, ҳазорон нафар кушта шудаанд.



ҚАЗЗОФӢ: "ШУМО ҲАҚ НЕСТЕД"

То замони вориди иқдом шудани нерӯҳои хориҷӣ чирикиҳо дар ҳоли ақибнишинӣ қарор доштанд ва хеле аз манотиқи таҳти назорати худро дар набардҳо бо нtрӯҳои бакарат мусаллаҳтари Қаззофӣ аз даст доданд.

Аммо дар пайи ҳамлаи эътилоф манъ шудани пешрафти нирӯҳои Қаззофӣ дар самти Бенғозӣ мояи истиқболи гарм дар ин пойгоҳи асосии чирикиҳо шуд.
Муаммар Қаззофии 68-сола қаблан амалиёти кишварҳои Ғарбро юриши нави салибӣ ба қалам дод ва гуфт, “таҷовузкорон ҳатман шикаст хоҳанд хӯрд”: “Шумо ҳақ нестед. Шумо мисли Ҳитлер шикаст мехӯред. Мисли Наполеон, мисли Мусоллинӣ шикаст мехӯред. Ҳамаи диктаторҳо зери пои мардум мешаванд.”

Амалиёти “Субҳи Оддисей” бузургтарин таҷовузи низомии кишварҳои Ғарб дар ҷаҳони Араб аз замони вуруди нерӯҳои таҳти фармони Амрико ба Ироқ дар моҳи марти соли 2003-юм дониста мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG