Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳвили масъулият дар Афғонистон шурӯъ мешавад


Қарор аст, раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай имрӯз эълон кунад, ки нахуст масъулияти таъмини амният дар кадом вилоятҳову шаҳрҳои кишвараш аз нирӯҳои эътилоф ба нирӯҳои маҳаллӣ вогузор хоҳад шуд. Тибқи ҷадвал, нирӯҳои Афғонистон сар аз моҳи июл назорати амният дар бархе манотиқро бар дӯш хоҳанд гирифт. Ин барнома як гоми калидӣ дар роҳи хуруҷи комили 140 000 сарбози хориҷӣ, ки дар Афғонистон алайҳи Толибон ва гурӯҳҳои дигари ифротгарои исломӣ меҷанганданд, дониста мешавад. Нирӯҳои таҳти фармони НАТО сарбозони афғонро тамрину таъмин карда, умедворанд, ки то соли 2014 масъулияти таъмини амният дар тамоми Афғонистонро нирӯҳои маҳаллӣ бар ӯҳда бигиранд.
XS
SM
MD
LG