Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бародари Завоҳириро дубора боздошт карданд


Аймон Завоҳирӣ - ноиби Усома Бен Лоден
Аймон Завоҳирӣ - ноиби Усома Бен Лоден
Мақомоти Миср бародари раҳбари дуввуми шабакаи Ал-Қоида Аймон Завоҳириро дубора боздошт кардаанд. Муҳаммад Завоҳирӣ ҳамагӣ ду рӯз баъд аз раҳоияш бар асоси қонуни афв дигарбора дастгир шуд. Мақомоти амниятӣ аммо аз ифшои далоили боздошти ҷадиди ӯ худдорӣ мекунанд. Додгоҳи олии нирӯҳои мусаллаҳи Миср Муҳаммад Завоҳириро рӯзи 17 март баъди 12 соли ҳабс бар асоси қонуни афви маҳбусони сиёсӣ раҳо кард. Ӯ дар ғайбаш бо ҷурми тамрини низомӣ дар Албания ва қасди ҳамалот дар Миср ба қатл маҳкум гардида, соли 1999 дар Имороти Араб боздошт шуд.
XS
SM
MD
LG