Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Эронро аз Баҳрайн берун кардаанд


Майдони Лӯълӯ маркази эътирозҳои Баҳрайн буд
Майдони Лӯълӯ маркази эътирозҳои Баҳрайн буд
Хабаргузории Ройтерс аз қавли як манбаъи дипломатӣ хабар дод, ки Баҳрайн сафири Эронро ихроҷ кардааст. Бино ба иддаои ин манбаъ, “аз ӯ хостаанд, ки хориҷ шавад ва сафири Эрон қаблан ба иллати таниши байни ду кишвар берун рафт.” Баҳрайн аз он кишварҳои Ховари Миёна аст, ки дар ин авохир ба мавҷи эътирозҳо рӯбарӯ шудаанд. Дар Баҳрайн аксарияти шиъа бо талаби ҳуқуқи бештар эътироз мекард. Идораи умур дар ин ҷазиракишвари халиҷи Форс ба дасти як хонаводаи амирони суннист. Арабистони Саудӣ ба нишони ҳимоят аз ҳокимони Баҳрайн ба ин кишвар нирӯ фиристод. Бархе бар ин назаранд, ки давлати шиъагарои Эрон ба эътирозгарон дар Баҳрайн кумак мерасонд.
XS
SM
MD
LG