Пайвандҳои дастрасӣ

Ба барқ пайваста шудани ду реактори Фукушима


Девори тахрибшудаи яке аз реакторҳои Фукушима

Кормандони нирӯгоҳи ҳастаии Фукушима дар Ҷопон мегӯянд, реактори аввал ва дуввуми ин нирӯгоҳи дар пайи заминларза осебдидаро ба хутути барқ пайваст кардаанд. Онҳо умедворанд, ки ин иқдом ба зудӣ заминаро барои дубора ба кор даровардани дастгоҳҳои сардкунанда фароҳам оварда, аз амиқтар шудани офати ҳастаӣ бар асари садамаи Фукушима ҷилавгирӣ хоҳад кард. Аммо ба гуфтаи як масъули нирӯгоҳ, ба хутути барқ пайвастани реакторҳои севвум ва чоруми Фукушима чанд рӯзи дигарро дар бар хоҳад гирифт. Давлати Ҷопон гуфт, қасд дорад баъди рафъи буҳрон ин нирӯгоҳи ҳастаии дар маҷмӯъ иборат аз 6 реакторро батамом бубанданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG