Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Вошингтон аз тасвиби Қонуни асосии Миср


Навбат барои раъйдиҳӣ дар Қоҳира
Навбат барои раъйдиҳӣ дар Қоҳира
Вошингтон Мисрро бо тасвиби ислоҳоти Қонуни асосиаш табрик гуфт. Мушовири амнияти миллии Кохи Сафед Том Донилон райъпурсии рӯзи шанбеи Мисрро як рӯйдоди хеле муҳим номид.
Натоиҷи расмӣ ҳокист, ки 77 дарсади мардуми Миср аз тағйирот ба Қонуни асосии ин кишвар пуштибонӣ кардаанд. Ин райъпурсӣ, ки моҳе баъд аз суқути давлати сисолаи Ҳуснӣ Муборак бо пуштибонии ҳокимони низомии Миср доир шуд, роҳро барои баргузории интихоботҳои парлумониву раёсатҷумҳурӣ то поёни соли равон боз ва давраҳои раёсатро барои як нафар маҳдуд мекунад.
XS
SM
MD
LG