Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

21 март - дар таърих


Имрӯз, 21 март, иди соли нави форсӣ Наврӯз аст, ки акнун бо қарори Маҷмаъи умумии СММ, иди байналмилалӣ эътироф шуда, дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил мешавад.
21 марти соли 1935, низ дар рӯзи Наврӯз кишвари вақти Форс расман номи Эронро гирифт.
Иттифоқан, низ дар Рӯзи Наврӯз, яъне 21 март, вале 5 сол қабл, дар Интернет сомонаи иҷтимоии ҳолиё маъруфи Twitter таъсис ёфт.
Се сол пеш дар ҳамин рӯз дар Маскав хабарнигори доғистонӣ Иёс Шӯрпоев кушта шуд. Додгоҳи олии Тоҷикистон баъди 4 моҳ ду шаҳрванди ин кишварро қотили Шӯрпоев шинохта, ҳардуро барои 21-солӣ маҳкум ба зиндон кард.
Имрӯз раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай дар Кобул шурӯъи расмии раванди таҳвили масъулияти таъмини амният ба нирӯҳои маҳаллиро эълон хоҳад кард.
Имрӯз дабири кулли СММ Бан Ки Мун сафараш ба Мисру Тунис, маркази ошӯбҳои Ховари Миёнаро оғоз мекунад.
Имрӯз Рӯзи байналмилалии аз байн бурдани табъизи нажодӣ ҳам ҳаст, вале 21 март дар таърих асосан ҳамчун рӯзи соли нави форсӣ, яъне Наврӯз, дарҷ шудааст.
XS
SM
MD
LG