Пайвандҳои дастрасӣ

Иброҳими Яздӣ дар Эрон аз зиндон раҳо шуд


Иброҳим Яздӣ

Иброҳим Яздӣ

IRNA-хабаргузории давлатии Эрон гузориш додааст, ки Иброҳим Яздӣ-раиси ҳизби озодихоҳи Эрон аз зиндон раҳо шудааст. Яздӣ 80 сол дорад ва дар Эрон фаъолияти ҳизби вай мамнӯъ эълон шудааст. Яздӣ 1-ӯми октябри соли гузашта дар Исфаҳон як ҷо бо чанд нафар аз аъзои Ҷунбиши Озодихоҳи Эрон, ки раҳбариашро бар ӯҳда дорад, боздошт шуда буданд. Вай баъд аз интихоботи зиддунақизи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2009 низ боздошт шуда буд. Дар ин интихобот, ки саршор аз тақаллуб буд, Маҳмуд Аҳмадинежод баранда эълон шуд.
XS
SM
MD
LG